Президент
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бинои нави беморхонаи марказии №6-ро ба истифода доданд
7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои нави беморхонаи марказии №6 дар деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштичро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои беморхона дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо истифода аз маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва шароити муосири...
07 июл 2026, Сешанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд
7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон ҳамчунин бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд. Ин иншооти сайёҳӣ аз чор марҳилаи сохтмонӣ иборат аст ва то ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон бунёд мегардад....
07 июл 2026, Сешанбе
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон тариқи фосилавӣ 7 иншооти иқтисодию иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон тариқи фосилавӣ 7 иншооти дорои аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд. Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикани Оби Баҳор воқеъ дар мавзеи Хуррамдара...
07 июл 2026, Сешанбе
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд
7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст хатти оби полезиро барои обёрии 20 гектар замини картошка ифтитоҳ карда, бо лоиҳаҳои азхудкунии 601 гектар замини корами лалмию чарогоҳ...
07 июл 2026, Сешанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти нав марбут ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва муқаддасоти Ватан буда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва соҳибкорони ҳимматбаланд сохта шудаанд....
07 июл 2026, Сешанбе
7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва мулоқоту суҳбат бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ...
07 июл 2026, Сешанбе
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ иштирок намуданд
3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ иштирок намуданд. Дар ин маросим Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми дӯсту бародари Эрон ва наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии...
03 июл 2026, Ҷумъа
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
3 июл дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд. Дар оғози суҳбат Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарият ва мардуми дӯсти Эрон дар робита ба шаҳодати собиқ Раҳбари олии кишвар Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ...
03 июл 2026, Ҷумъа
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон шуданд
3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ба шаҳри Теҳрон ворид шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро...
03 июл 2026, Ҷумъа
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон
3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди корӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии...
03 июл 2026, Ҷумъа














